Сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу ба Артиши мудофиаи Исроил (ЦАХАЛ) фармон дод, ки барои «ҷанги пурра» омода бошад. Исроил дар ҳолати вайрон шудани оташбас дар Лубнон ҷангро оғоз мекунад. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо канали 14-уми телевизиони Исроил изҳор намуд.
«Ман ба ЦАХАЛ фармон додам, ки барои ҷанги пурра дар Лубнон омодагӣ бинад. Агар созишномаи [оташбас] вайрон шавад, мо ба ҷанги пурра мегузарем», - гуфт раҳбари ҳукумат.
Субҳи 27 ноябр созишномаи оташбаси аввал пас аз оғози задухӯрдҳои моҳи октябри соли 2023 байни Исроил ва Лубнон эътибор пайдо кард. Президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки мувофиқи созишномаҳо байни давлати яҳудиён ва ташкилоти шиаи «Ҳизбуллоҳ», дар давоми 60 рӯз артиши Лубнон ва неруҳои амнияти давлатӣ бояд назорати ҳудуди ҷумҳуриро барқарор кунанд. Пас аз ин, артиши Исроил тадриҷан аз ҳудуди Лубнон хориҷ карда мешавад, хабар медиҳад tass.ru.