Тибқи иттилои сафорат, дар моҳи феврали соли ҷорӣ С.Ж. ба намояндагии дипломатӣ муроҷиат намуда, барои баргаштан ба Ӯзбекистон кумак хостааст.

Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки аз соли 2005 инҷониб ӯ дар ҳудуди Покистон бидуни гирифтани раводид ғайриқонунӣ зиндагӣ карда, дар вазъи вазнини иҷтимоӣ қарор дошт, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Ба гуфтаи ӯ, соли 2005 бо мақсади издивоҷ бо шаҳрванди ин кишвар ба Покистон рафтааст. Аммо дар ҳамон сол ҳамсараш ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, маъюб гардидааст. Аз ҳамон вақт ӯ ба нигоҳубини шавҳараш машғул буд. Ҳоло вазъи саломатии шавҳараш то андозае беҳтар шудааст, вале маъюбият боқӣ монда, вазъи иҷтимоӣ ва молиявии оила ҳамоно душвор аст.

Дар натиҷаи санҷиш тасдиқ гардид, ки шаҳрванди мазкур имкониятҳои маҳдуди молиявӣ дошта, танҳо хароҷоти рӯзмарраро пӯшонида метавонад.

Бо назардошти ин ҳолат, сафорат шахсият ва шаҳрвандии ӯро тасдиқ намуда, барои баргашт ба Ӯзбекистон шаҳодатнома омода кард. Ҳамчунин, пас аз музокирот бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Покистон ҷаримаи қаблан ба маблағи 8400 доллари ИМА барои иқомати ғайриқонунӣ таъйиншуда бекор карда шуда, иҷозати тарки кишвар дода шуд.

Илова бар ин, бо мусоидати намояндагии дипломатӣ барои ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ гардид ва ӯ 2 май бо парвози ширкати Uzbekistan Airways аз масири «Исломобод — Тошканд» ба Ватан баргардонида шуд.