Пешомадҳои нави ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ

    Нақлиёт 22 Aprel 2022 1162

    Чанде пеш дар шаҳри Ар-Риёд мулоқоти сеҷонибаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Маҳкамов бо Президенти Сарраёсати авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ А.Ал-Дуалиҷ ва директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Flynas" Б.Ал-Моҳанна баргузор гардид.

    Дар рафти суҳбат тарафҳо дурнамои инкишофи ҳамкории ба ҳамдигар судбахшро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муҳокима карданд.

    Аз ҷумла, ба манзури афзоиши гардиши сайёҳон аз Арабистони Саудӣ ба шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар ин замина баррасӣ шуданд.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо имконоти бузурги рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи авиатсияи гражданиро қайд намуда, омодагии худро барои сафарбар кардани тамоми нерӯ дар ин самт изҳор намуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates