Соли нави хониш дар мактабҳои Ӯзбекистон 4 сентябр оғоз мешавад

    Таълим 13 Avgust 2024 2716

    Соли нави таҳсили 2024/2025 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз 4 сентябр оғоз мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон.

    Раёсат ёдовар шуд, ки тибқи Фармони Президенти кишвар аз 22 декабри соли 2023 “Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои истироҳати иловагӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2024” рӯзи истироҳат вобаста бо таҷлили Рӯзи истиқлоли Ӯзбекистон, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, ба 2 сентябр кӯчонда шуд.

    Аз ин рӯ, рӯзи шанбеи 31 август барои онҳое, ки ҳафтае шаш рӯз кор мекунанд, рӯзи истироҳати иловагӣ ва барои онҳое, ки панҷ рӯз кор мекунанд, рӯзи истироҳати муқаррарӣ мешавад. Бинобар ин дар ҳамаи мактабҳо соли нави таҳсил 4 сентябр cap мешавад.

    «Бо дарназардошти он, ки дар ин фармон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият рӯзҳои иловагӣ муқаррар карда шудааст, ба маълумоти шумо мерасонем, ки соли нави таҳсили 2024/2025 дар тамоми мактабҳо 4 сентябри соли 2024 оғоз мегардад», - омадааст дар хабар.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates