Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёт ва логистика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аҳамият ва самаранокии сафари Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷонро  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи июни соли равон таъкид намуданд. Муколамаи мустақим дар сатҳи олӣ имкон дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми самтҳои мавҷуда фаъол гарданд ва ҳамчунин “нуқтаҳои афзояндаи” шарикии мутақобилан судманд муайян карда шаванд.

Дар рафти суҳбат маълум карда шуд, дар тӯли панҷ соли охир миқдори корхонаҳои муштараки бо сармояи Озарбойҷон дар Ӯзбекистон созмон додашуда  чор баробар зиёд шуда, 243 ададро ташкил медиҳад. Дар навбати худ дар Озарбойҷон 70 корхона бо иштироки сармояи Ӯзбекистон фаъолият мекунад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳоро барои иҷрои саривақтӣ ва босифати 87 лоиҳаи муштарак ва қарордодҳои тиҷоратӣ дар соҳаи нафту газ, саноати кимиё, бахши нассоҷӣ ва кишоварзӣ ба маблағи беш аз 500 миллион доллар ҷоннок гардонанд.

Ба ғайр аз  ин, дар рафти музокирот ҷонибҳо нияти идома додани татбиқи ташаббусҳо оид ба созмон додани Фонди сармоягузории Ӯзбекистону Озарбойҷонро тасдиқ карданд, ба ин муносибат ба созиш омаданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин "хритаи роҳ" оид ба ташкили фаъолияти онро таҳия ва тасдиқ кунанд, инчунин коркарди Созишномаи дахлдори байниҳукуматиро оғоз намоянд.   

Зимни баррасии дурнамои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, иштирокдорони музокирот ҷиҳати фаъол гардонидани ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба иртиботи байналмилалии автомобилӣ миёни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, инчунин суръат бахшидан ба ҳамлу нақли вагонҳо бо мол ба Ӯзбекистон тавассути баҳри Каспӣ дар паромҳои "КАСПАР"  ба мувофиқа расиданд.

Дар тартиби ҷудогона ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро бо  дарназардошти ташкили намоишгоҳи молҳои миллӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд, инчунин дар сатҳи баланд гузарондани Анҷумани нахустини минтақаҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, бо омодагии пешакии маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба рушди ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар баррасӣ намуданд.

Бинобар ҷамъбасти мулоқот пайравӣ бобати идома додани кори  муштарак бинобар тамоми самтҳои баррасишуда барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дақиқи рушди шарикии иқтисодӣ изҳор гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.