Дар кори семинар сенаторон, намояндагони вазорату идораҳо, аъзои гурӯҳи кории Сенат, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, коршиносони ватанию хориҷӣ иштирок карданд.
Дар рафти чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои марҳилаи якуми таҳияи стратегия баргузор гардид. Иштироккунандагон масъалаҳои иҷрои онро муҳокима намуда, мубодилаи афкор карданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ қайд карданд, ки пешниҳоду тавсияҳое, ки дар рафти муҳокима ба даст омадаанд, барои такмили минбаъдаи лоиҳаи стратегияи муҳоҷирати Ӯзбекистон аҳамияти калон хоҳанд дошт.