Равобити байнипарлумонии Ўзбекистон ва Қатар баррасӣ шуданд

    Дар доираи Форуми занони Осиё Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева муовини раиси Шӯрои машваратии Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳасан Ал-Сулайтиро ба ҳузур пазируфт.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид доштанд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни Ӯзбекистон ва Қатар босуръат инкишоф ёфта, аз ҷумла, машваратҳои мунтазами сиёсӣ роҳандозӣ шудаанд. Муносибатҳои дипломатӣ ба сатҳи нав баромад ва ифтитоҳи сафорати Қатар дар кишвари мо ва намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Доҳа дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав кушод.

    Дар чаҳорчӯби муколама ба равобити байнипарлумонии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, масоили идомаи фаъоли муколамаи фаъоли гурӯҳҳои байнипарлумонӣ ва кумитаҳои марбута ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

    Илова бар ин, намояндагони порлумонҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар бахшҳои равобити дуҷониба фаъолтар ҳамкорӣ ва табодули таҷриба кунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates