Дурнамои ҳамкориҳо бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Корея-Ӯзбекистон баррасӣ шуд

    Тиҷорат 10 Noyabr 2023 1563

    9 ноябри соли 2023 Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева муовини аввали раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Куриё Ӯзбекистон Ким Чанг Кеонро қабул кард.

    Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир миёни ду кишвар табодули иқтисодӣ ва сармоягузорӣ густариш ёфта, ҳамкориҳо ба сатҳи нав баромад. Ҳаҷми сармоягузории Корея ба Ӯзбекистон беш аз 7 миллиард долларро ташкил дода, дар кишвар ҳудуди ҳазор корхонаи муштарак фаъолият мекунад.

    Табиист, ки лоиҳаҳои наве, ки муштаракан амалӣ мешаванд, ҳам барои Корея ва ҳам барои Ӯзбекистон як хел судманданд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо нахуст ба тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари кории ҳайат таҳи сарварии Раиси Сенат ба Кореяи Ҷанубӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳ карданд.

    Аз ҷумла, як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили ҷорӣ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси маҷмааи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар заминаи партовгоҳҳо, роҳандозии фаъолияти ширкатҳои муштараки нақлиётию логистикӣ, дастгирии таҳсилоти занон муфассал баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Корея ба Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.

    Ким Чанг Кеон қайд кард, ки тоҷирони Кореяи ҷанубӣ ба сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳ доранд. Таъкид гардид, ки дар кишвар барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзии дар кишвар рӯёндашуда ба ҷуз Корея ба Ҷопон ва Чин имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

    Дар ҷараёни муколамаи созанда ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома диҳанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates