Дурнамои ҳамкории тарафайн байни Ўзбекистон ва Ҳиндистон баррасӣ шуд

    Тиҷорат 2 Avgust 2023 1226

    1 август дар шакли алоқаи видеоконфронс байни Раиси Палатаи савдову саноати Ўзбекистон Даврон Ваҳобов ва ҳаммуассиси Федератсияи палатаи савдову саноати Ҳиндустон (FICCI) Дебасмита Рой Чакраборти мулоқот ба амал омад.

    FICCI бузургтарин созмони олӣ дар Ҳиндустон аст, ки беш аз 300 ҳазор аъзоро дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ширкатҳои байналмилалӣ ва палатаҳои минтақавии тиҷорат дар бар мегирад. Ҳадафи аслии ин мулоқот амиқтар кардани ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илму маориф ва гуманитарӣ мебошад.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ байни Ўзбекистон ва Ҳиндустонро дар чунин самтҳо, ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, саноати заргарӣ ва IT баррасӣ намуданд.

    Аз рӯи натиҷаҳои музокира ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд бо иштироки соҳибкорони бонуфузи ду кишвар бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ бизнес-форум ва вохӯриҳои B2B ташкил карда шаванд, хабар медиҳад хитдмати маттбуоти ПСС.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates