Масъалаҳои бо хӯроки бепул таъмин намудани хонандагони синфҳои ибтидоӣ муҳокима шуданд

    10 майи соли равон раиси Палатаи савдо ва саноат Даврон Ваҳобов бо иштироки беш аз 70 нафар соҳибкорони соҳаи хӯрокворӣ ва аутсорсинг тавассути видеоконфронс ҷаласа баргузор намуд. Дар маҷлис масъалаҳои бо хӯроки бепул таъмин намудани хонандагони синфҳои ибтидоӣ муҳокима шуданд.

    Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 феврали соли 2023 аз соли таҳсили 2023-2024 хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо хӯроки ройгон таъмин карда мешавад.

    Ин низом дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ бо ҷалби истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ватанӣ амалӣ карда мешавад.

    Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 шумораи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар 10 104 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар 6 562 мактаб ошхона ё буфет мавҷуд бошад, дар 3542 мактаб не.

    Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ намудани ғизои ройгон барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла, тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, инчунин Созмони озуқа ва кишоварзӣ оид ба ғизои солими кӯдакон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар охир иштирокдорон тасмим гирифтанд, ки оид ба таомномаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешниҳодҳо диҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноат.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates