Омӯзиши касбӣ барои мусоидат ба шуғл

    Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ якҷоя бо Бонки рушди KfW-и Олмон дар доираи тайёркунии лоиҳаи "Омӯзиши касбӣ барои мусоидат ба шуғл дар Ӯзбекистон" семинар-воркшоп ташкил намуд.

    Дар ҷараёни мулоқоти байналмилалӣ ба ҷониби Олмон дар бораи тамоюлҳо, мушкилот ва дурнамои бозори меҳнати Ӯзбекистон, аз ҷумла ислоҳоти дар соҳаи таълими касбӣ ҷоришаванда ва дастгирии шуғли шаҳрвандон маълумот дода шуд. Илова бар ин, шарикон масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаро баррасӣ карданд.

    Дар натиҷаи чорабинӣ иштирокчиён оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таълими касбӣ, ҳамгироӣ ба системаи миллии принсипҳои таълими дуҷониба, инчунин омӯзиши доимӣ оид ба касбҳои дар бозори меҳнат сеталаб ба мувофиқа расиданд.

    Аз ҷумла, дар соҳаҳои Индустрия 4.0, ТИК, бофандагӣ, саноати хӯроуворӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва классикии сохтмон, сайёҳӣ ва тиҷорати меҳмонхонадорӣ, хабар медиҳад, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ.