Оид ба баланд бардоштани шуғли аҳолӣ ва некӯаҳволии мардум вазифаҳои  иловагӣ муайян шуданд

    Ҳукумат 8 Iyun 2021 8188

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 8 июн оид ба масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ аз тариқи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ва соҳибкорӣ, инчунин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Имсол бинобар барномаи шуғл ба вуҷуд овардани 457 ҳазор ҷойи доимии кор пешбинӣ гардидааст. Манбаъҳои асосии ба даст овардани ин мақсад хоҷагии қишлоқ, соҳибкорӣ, соҳаҳои савдо ва хидматрасонӣ муайян гардидаанд. Ҳамин тариқ аз ҳисоби ташкили савдо ва хидматрасонӣ дар шафати шоҳроҳҳо, созмон додани кӯчаҳои махсус дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо ба вуҷуд овардани 150 ҳазор ҷойи кор имконпазир аст.

    Боз як захираи калони ба вуҷуд овардани ҷойи кор босамар истифода намудани замин мебошад. Моҳи январи соли ҷорӣ озмоиши ҷудо намудани замини кишт барои ҷавонон шурӯъ шуда буд, натиҷаи он қаноатбахш дониста шуд. Дар асоси озмоише, ки дар Сурхондарё оғоз ёфтааст, тартиби ба аҳолии бекор додани замини хоҷагии қишлоқ ба иҷора барои даҳ сол барои машғул гардидан бо хоҷагии деҳқонӣ ба амал татбиқ мегардад.

    Барои ин аз имсол эътиборан қариб 100 ҳазор гектар замин, ки аз ҳисоби кам кардани майдони кишти ғалладона озод мегардад, ба бекорон барои ба вуҷуд овардани хоҷагии деҳқонӣ пешниҳод мегардад. Пас аз ҷамъоварии ҳосили пахта барои ин мақсадҳо барилова 100 ҳазор гектар замин холӣ карда мешавад.

    – Ба ҷавонон пешниҳод намудани замин озмоиш буд. Ҳоло мо ба системаи калон мегузарем. Мо заминро ба соҳиби ҳақиқӣ – халқ медиҳем. Ҳокимон, роҳбарони секторҳо кадом қитъа аз пахта ва кадом қитъа аз ғалладона озод карда шуда ва ба бекорон дода мешавад, бояд муайян кунанд. Ва ҳамзамон адолатро бояд риоя кунанд. Ин садҳо ҳазор нафарро бо кор ва даромад таъмин менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба шахсони масъул супориши расондани тухмӣ ва ниҳол ба аҳолие, ки соҳиби замин гаштаанд ва ҳамчунин аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намудани хариди маҳсулоти омодагардида дода шуд.

    Пӯшида нест, ки масъалаи ҷудо намудани замин хеле ношаффоф ва зери таъсири ҷараёнҳои падидаи коррупсионӣ қарор дошт. Аз ин рӯ 8 июн Президент ба фармон дар бораи чорабиниҳо оид ба таъмини баробарӣ ва шаффофӣ дар муносиботи замин, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ барои дарёфти замин ва ба активи бозорӣ табдил додани он имзо намуд.

    Минбаъд таҷрибаи бевосита ва беғараз пешниҳод намудани замин барои бо соҳибкорӣ машғул гардидан пурра қатъ карда мешавад ва замин барои мулки хусусӣ фурӯхта мешавад ё ба иҷора дар асоси шароити шаффофи барои ҳама ягона – аз тариқи ауксиони электронӣ дода мешавад. Ҳамаи ваколати ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ки ба ҷудо намудани замин ва бозгардондани он тааллуқ доранд, бекор карда мешавад.

    Дар ҷамъомад роҳбари давлат аҳамияти ҳуҷҷати мазкурро қайд кард ва дар бобати ташкили иҷрои он дар маҳалҳо, таъмини адолат ва қонуният супоришҳо дод.

    Боз як масъалае, ки бо некӯҳолии аҳолӣ алоқа дорад – суботнокии нархи маҳсулоти озуқаворӣ мебошад.

    – Паст кардани нарх маънои онро надорад, ки соҳибкорон ва чорводорон маҳсулоти худро бо нархи арзон фурӯшанд. Дар навбати аввал бояд пешниҳодро дар бозор афзун гардонд, – гуфт Президент.

    Ба самтҳое, ки дар муддати кӯтоҳ натиҷаи баланд медиҳанд, эътибори алоҳида додан лозим аст ва дар ин бобат ба шахсони масъул фармоиш дода шуд. Яке аз чунин соҳаҳо паррандапарварӣ мебошад.

    Масалан, барои он ки парранда як килограмм вазн гирад, ба он 1,7 килограмм озуқа, барои ҳайвоноти калони шохдор 8 килограмм озуқа лозим аст. Аммо дар мамлакатамон ба ҳар сари аҳолӣ ба миқдори кам гӯшти мурғ ва тухм истеҳсол мегардад.

    Бинобар ин дар ҷамъомад механизмҳои нави дастгирии паррандапарварон муайян карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми субсид барои истеҳсоли тухм 3 баробар, барои таҳияи гӯшти парранда 2 баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ба истеҳсолгарони озуқа ва маҳсулоти паррандапарварӣ қисми кредит барои сарпур намудани гардиши сармоявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои паррандапарварӣ дар қисми беш аз ставкаи пойгоҳии Бонки марказӣ, ҷуброн хоҳад гардид.

    Қисми харҷ барои лоиҳаҳо дар заминаи ба вуҷуд овардани маҷмӯъҳои замонавӣ дар бобати таҳияи гӯшти мурғ ҷуброн карда мешавад. Ставкаи андоз барои даромад, моликият, замин ва об барои корхонаҳои паррандапарварӣ 50 фоиз кам карда мешавад.

    Давлат аз тариқи «Микрокредитбанк» 50 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ҷудо мекунад.

    Ба шахсони соҳибмансаб дар бобати татбиқи ин имтиёзот, ҳамдастӣ ба корхонаҳо барои касби иқтидори пурра супоришҳо дода шуд.

    Аҳамияти ташкили мини-инкубаторҳо ва яхдонҳои нигоҳдорӣ дар маҳаллаҳо дар асоси шарикии хусусӣ, васеъ намудани парвариши парранда дар хонаводаҳо таъкид гардид.

    Дубора ташкил намудани фаъолияти институти илмиву тадқиқотии чорводорӣ ва паррандапарварӣ, ба вуҷуд овардани зотҳои паррандаҳои ба маҳал мутобиқ вазифа гузошта шуд. Барои таъмини институт бо таҷҳизоти ногузир ва овардани зотҳо барои наслгирӣ 10 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Чорабиниҳо доир ба афзудани истеҳсоли гӯшт аз ҳисоби ба кор андохтани беш аз ҳазор лоиҳа дар соҳаи чорводорӣ ва 317 лоиҳа дар соҳаи моҳипарварӣ баррасӣ гардиданд.

    Имсол бо назардошти норасоии интизории об 200 миллиард сӯм барои чоҳканӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо камаш дар 10 ҳазор кегтар замин ба роҳ андохтани парвариши маҳсулоти хӯрока имконпазир аст.

    Дар ҷамъомад ҳокимон бобати чорабиниҳо доир ба кам намудани бекорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини суботнокии нарх маълумот доданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates