Президент бо ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ дар маҳалла шинос шуд

    Ҳукумат 24 Fevral 2023 5086

    Сарвари давлат зимни боздид аз маҳаллаи Янги Батоши ноҳияи Қаршӣ бо зиндагии аҳолӣ шинос шуд.

    Дар ин ҷо зиёда аз 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Маҳалла обод буда, соҳибкорӣ ривоҷ меёбад. Корхонаи бофандагӣ, дорухона, бонки кӯчак, мағозаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ фаъолият доранд.

    Дар маҳалла маркази хонакорӣ ташкил карда мешавад. Президент бо шароитҳои дар он муҳайёгардида шинос шуд.

    Дар ин ҷо дар баробари истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва чарму қолин, ба хонакорон касб омӯзонда мешавад. Дар асоси омӯзише, ки аз ҷониби ёвари ҳоким ва фаъоли бонувон гузаронда шуд, ба шаҳрвандони бекор бо назардошти майлу хоҳиши онҳо устоҳо вобаста карда мешаванд. Онҳое, ки касбро пурра аз худ кардаанд, асбобу анҷом ва ашёи хоми зарурӣ ҷудо карда мешаванд, то ки онҳо дар хона фармоишро иҷро намоянд. Шартномаҳое, ки байни фармоишгар ва хонакорон баста мешаванд, аз ҷониби ёвари ҳоким ба Низоми ягонаи миллии меҳнат дохил карда мешавад.

    Сарвари давлат дастур дод, ки ҳунармандони марказ бо ашёи хом таъмин карда, дар маҳаллаҳои сераҳолӣ барои хонакорон дар коллеҷҳо биноҳои алоҳида ҷудо карда шаванд.

    – Маҳалла бузургтарин пойгоҳ барои омӯзиши ҳунар аст. Аз анъанаҳои устоду шогирд истифода бурда, дар асоси хонакорӣ бисёр одамонро бо шуғл таъмин намудан мумкин аст. Барои онҳо, хусусан занон ин кумаки маънавӣ ва моддӣ хоҳад буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Марказ ба ҷузъ аз маҳаллаи Янги Батош ба маҳаллаҳои ҳамсоя, ба мисли Батош, Хониён, Тараққиёт, Дашт, Ҷумъабозор низ хидмат мерасонад. Вақте ки он ба иқтидори пуррааш мерасад, тақрибан 24 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates