Дар натиҷаи тендерҳо:
Ширкати MASDAR дар тендер барои сохтмони неругоҳи иқтидораш 250 МВт дар вилояти Бухоро бо пешниҳоди 3,044 сенти ИМА барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқ ғолиб омад. Бояд қайд кард, ки ин аввалин лоиҳа дар Ӯзбекистон аст, ки бо Системаи ғункунии неруи барқи (BESS) иқтидораш 62 МВт амалӣ карда мешавад.
Консорсиуми GD Power - Powerchina барои сохтмони неругоҳи иқтидораш 150 МВт дар вилояти Наманган бо пешниҳоди 4,828 сенти ИМА барои як киловатт-соат нерӯи барқ ғолиб дониста шуд.
Шикати Voltalia ғолиби сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии иқтидораш 100 МВт дар вилояти Хоразм бо дархости 2,888 сенти ИМА барои як киловатт-соат неруи барқи тавлидшуда интихоб шуд.
Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати энергетика музокирот идома хоҳад ёфт.