Дзюдочиёни ватанӣ "Тоскулоҳи бузург"-ро бо се медал ҷамъбаст намуданд

    Варзиш 19 Fevral 2024 760

    Дастаи мунтахаби дзюдои Ӯзбекистон иштироки худро дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург", ки онро Озарбойҷон мизбонӣ мекард, анҷом дод. Дар мусобиқа ҳамватанони мо 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

    Дар рӯзи ниҳоии мусобиқот барои Уткирбек Тӯрабоев ба ҷоизаи биринҷӣ як қадам монда буд. Варзишгари ӯзбекистонӣ, ки дар вазни беш аз 100 кило ширкат дошт, дар мубориза барои ҷойи сеюм аз Юр Спайкерси ҳолландӣ шикаст хӯрд.

    Дар бобати медалҳои Ӯзбекистон, инҳо аз шоҳсуфа ҷой гирифтанд:

    Тилло:

    -52 кг: Диёра Келдиёрова

    Биринҷӣ:

    -48 кг: Ҳалима Қурбонова

    -60 кг: Достон Рӯзиев

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates