Вазнбардорони ватаниро, ки дар чемпионати ҷаҳон дар Колумбия бомуваффақият баромад карданд, дар Ватан ботантана истиқбол гирифтанд

    Варзиш 20 Dekabr 2022 1362

    Аз 5 то 16 декабр дар Богота чемпионати ҷаҳон оид ба штангабардорӣ барпо гардид. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ин чемпионати ҷаҳон шарафи кишварро ҳимоя карда буд, ба Ватан баргашт.

    Ҳайатро таҳти сарварии муовини вазири рушди варзиш, муовини аввали раиси Федератсияи вазнабардории кишвар Шаҳрулло Маҳмудов вазир Адҳам Икромов, дабири кулли КМО Ойбек Қосимов ва ҷомеаи васеи варзишӣ пешвоз гирифтанд.

    Масъулин варзишгарони ӯзбекистониро бо дастовардашон табрик намуда, қайд карданд, ки дар оянда аз онҳо натиҷаҳои боз ҳам бештар интизоранд. Аз ҷумла, пирӯзии Руслан Нурудинов, ки дар вазни то 109 кг қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон шуд, бори дигар қайд гардид. Натиҷаи ӯ дар варзиши вазнини Ӯзбекистон саҳифаи нав кушод.

    Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 3 медали тилло, 1 нуқра ва биринҷӣ мусобиқаро дар ҳисоби даставӣ дар ҷои шашум ба анҷом расонд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates