Сарвари Озарбойҷон роҳбари давлати моро бо мавлудаш самимона муборакбод намуда, ба ӯ саломатии мустаҳкам, хушбахтӣ ва дар фаъолияти масъули давлатиаш комёбиҳои нав, ҳамчунин барои халқи сермиллати Ӯзбекистон сулҳу салоҳ, фаровонҳолӣ ва шукуфоӣ орзу кард.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва тифоқии байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Робитаҳо дар сатҳҳои гуногун идома доранд.

Натиҷаҳои муфиди ҷамъомади муштараки Комиссияҳои байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд ба вуқӯъ пайваст, бо қаноатмандӣ зикр гардид. Муҳимияти омодагии ҳамаҷониба ба ҳамоиши пешистода дар сатҳи олӣ, сарпур сохтани рӯзномаи иқтисодии он бо лоиҳа ва барномаҳои мушаххас таъкид шуд.