Сарвари кишвари мо Сердар Бердимуҳамедовро ба муносибати дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси ҷаҳонии СММ, ки дар доираи Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод ҷараён дорад, самимона табрик гуфта, барои тақдими мукофоти олии давлатӣ – ордени Туркманистон «Барои саҳм дар рушди ҳамкорӣ» изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар доираи омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки дар пешанд, баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки гардиши мутақобилаи мол вусъат ёфта, ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва хоҷагии об чуқур мегарданд. Табодули фаъолонаи байниминтақавӣ ва башардӯстона низ идома доранд.
Зарурати таъмини натиҷабахшии ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ, Шӯрои соҳибкорон, Форуми минтақавӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангии дар ҳамин сол ба нақша гирифташуда таъкид гардид.
Ҳамчунин, оид ба масоили муҳими минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷадвали мулоқотҳо дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.









