Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр паёми самимӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Финляндия Александр Стуббро ба Сарвари давлати мо расонд.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ байни Ӯзбекистон ва САҲА ва инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Финляндия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки ҳамкориҳои созанда бо Созмон дар самтҳои навсозии низоми интихоботии миллӣ, таъмини озодии ВАО, баробарии гендерӣ ва масъалаҳои ҷавонон, инчунин масъалаҳои марбут ба рӯзномаи “сабз” хуб рушд ёфтаанд. Зарурати таваҷҷуҳи бештар додан ба масъалаҳои амнияти иқлим ва рушди устувор таъкид гардид.
Ҳамзамон, рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Финляндия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию инсонпарварӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Оид ба масъалаҳои минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ шуд.









