Дар назди зинапояи ҳавопаймо роҳбари Ӯзбекистонро вазири рушди иқтисодии Венгрия Мартон Над ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ференс Лист ба ифтихори меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.
Тибқи барномаи сафари расмӣ 20 май музокироти сатҳи олии Ӯзбекистон ва Маҷористон баргузор мегардад.
Сарвари кишвари мо ҳамчунин бо шахсони расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами Венгрия вохӯриҳо анҷом медиҳад.
21 май Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар пойтахти Венгрия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.