Намояндаи баландпояи Идораи ИМА ба роҳбари давлати мо паёми самимии шодбошӣ ва табрикоти гарму ҷӯшони Президенти Доналд Трампро бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон расонд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Амрико баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандии махсус зикр гардид, ки тамосҳои босамар дар сатҳҳои гуногун идома доранд. Муколамаи сиёсати созанда рушд меёбад, табодули байнипарлумонӣ фаъолона амалӣ мешавад. Моҳе қабл дар Конгресс чорабиниҳо дар доираи Рӯзи Ӯзбекистон баргузор гардиданд, тирамоҳи имсол бошад, ҷаласаи аввалини Муколамаи васеъи шарикии стратегӣ баргузор мешавад.
Ҳамкории муассир дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ барқарор шудааст.
ИМА анъанавӣ ҳамчун шарики муҳими иқтисодии Ӯзбекистон эътироф мешавад. Ҳаҷми гардиши мол дар соли 2024 ба андозаи 15 фоиз афзуд. Сандуқи лоиҳаҳо зиёда аз 11 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар кори Форуми сармоягузории Тошканд, ки моҳи июн баргузор гардид, беш аз 100 ширкати пешбари амрикоӣ иштирок карданд.
Имкониятҳои бузург барои пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои захираҳои минералӣ, авиатсия, соҳаи электротехника, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ, молия, инноватсия, маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок қайд гардид.
Зарурати амиқтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар чорчӯби формати «С5+1» таъкид шуд.
Ҳамчунин ҷадвали мулоқотҳо ва чорабиниҳои муштараки дарпешистода баррасӣ гардид.