Сарони давлатҳо ба Изҳороти муштарак оид ба муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар ҷараёни сафари давлатӣ дар маҷмӯъ 14 ҳуҷҷат ба имзо расид, аз ҷумла:

– Барномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои солҳои 2024-2026;

– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ;

– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2024-2025;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни котиботи Шӯроҳои амният;

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои кишоварзӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ ва чорводорӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияҳои илмҳо;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни агентиҳои иттилоотии миллӣ;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноат;

– Протокол дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон;

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни маъмуриятҳои шаҳрҳои Тошканд ва Улан-Батор.