Ба муаллим ва мураббиёни Ӯзбекистон

    Дӯстони гиромӣ!

    Шумо, азизон – устод ва мураббиёни муҳтарамро, ки умри хешро ба кори аз ҳама бузург ва наҷибтарини ҷаҳон – таълиму тарбияи насли наврас бахшидаед, инчунин, ҳамаи кормандони фидокори соҳаро бо иди умумихалқӣ – Рӯзи муаллим ва мураббиён самимона табрик мекунам.

    Дар чунин рӯзи фараҳбахш, бори дигар ба Шумо, устодони меҳрубон эҳтироми бузурги мардуми кишварро изҳор намуда, барои меҳнати заҳматписанд ва пуршараф, ки дар роҳи сохтани ояндаи Ӯзбекистони Нав анҷом медиҳед, ба ҳамаатон аз таҳти дил ташаккур мегӯям.

    Устод ва мураббиёни муҳтарам!

    Дар мулоқоти кушоде, ки чанде қабл бо Шумо баргузор шуд ва метавон онро таърихӣ номид, корҳоро дар низоми таълиму тарбия ба таври мушаххас таҳлил намуда, барои ба сатҳи нави рушд бардоштани онҳо мақсад ва нақшаҳоро муайян кардем.

    Дирӯзакак дар сессияи 80-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид натиҷаҳои ислоҳоти мо дар соҳаи таълиму тарбия диққат ва эътибори ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард. Комёбиҳое, ки дар ин самт ба даст овардем, ба пешбарии ташаббусҳои нави молики аҳамияти байналмилалӣ замина гардид.

    Бахусус, дар ҳашт соли охир маблағгузорӣ ба соҳаҳои таълим ва илму фан 6 баробар афзуда, 378 триллион сӯмро ташкил кардани он, сохтмони садҳо кӯдакистон, мактаб, техникум ва муассисаҳои таҳсилоти олии нав, дар асоси талаби замон муҷаҳҳазгардонии боргоҳҳои таълимӣ ва илмӣ, барномаҳое, ки ба арҷгузории шоистаи меҳнати устод ва мураббиён нигаронида шудааст, махсус эътироф гардиданд.

    Вақте дар ин бора ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ дар мамлакат шумораи кӯдакистонҳо аз 5200 то 38 ҳазор афзуд, сатҳи фарогирӣ аз 27 дарсад ба 78 дарсад боло рафт, моҳонаи тарбиядиҳандагон бо музди меҳнати омӯзгорон баробар шуд ва музди меҳнати роҳбар ва педагогҳои ин муассисаҳо 2 баробар зиёд гардид.

    Аз соли оянда дар Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо чун Мактабҳои президентӣ кӯдакистонҳои "Насли нав" таъсис ёфта, дар онҳо мураббиён технологияи пешқадами педагогиро меомӯзанд.

    Зинаи муҳимтарини таълиму тарбияи фарзандонамон – рушди таълими мактабӣ ҳамеша дар маркази диққати мо қарор дорад. Солҳои охир қариб 500 мактаби нав сохта шуд, инчунин аз ҳисоби васеъ намудани мактабҳои мавҷуда, барои 1 миллион хонанда ҷойи нав муҳайё гардид. Ба туфайли ифтитоҳи мактабҳои хусусӣ, барои падару модарон ва хонандагон имкони интихоб пайдо шуд. Имрӯз зиёда аз 200 ҳазор писару духтарони мо дар чунин мактабҳо таҳсил мегиранд.

    Аз соли таҳсили нав таҳсилоти 12-солаи мактабӣ, инчунин, барои донишомӯзони синфҳои 9 ва 11 имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ ҷорӣ гардида, тартибе роҳандозӣ мешавад, ки хатмкунандагон тибқи натиҷаҳои онҳо бевосита метавонанд ба техникум ва донишгоҳҳо қабул шаванд.

    Мо ҳама хуб медонем, ки оянда дар дасти онҳоест, ки дорои дониши замонавӣ ҳастанд ва касбу ҳунарро аз бар намудаанд. Мо набояд ҳеҷ гоҳ ин ҳақиқатро фаромӯш кунем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷавононро чун мутахассисони пешқадам тарбия кунем, то бо замон ҳамнафас ва ба ҳама гуна рақобат тобовар бошанд. Аз Оҷонсии таълими касбӣ, ки бо ин мақсад таъсис меёбад, умедҳои бузург дорем. Ин оҷонсӣ бояд мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба соҳаи таълими касбӣ ва техникумҳои мавҷуда нафаси ҳаёти навро ворид намояд.

    Дар давоми як сол дар 100 техникум бо ташкилотҳои таълимии мамлакатҳои пешрафта, аз ҷумла Олмон, Британияи Кабир, Швейтсария, Чин, Корея ҳамкорӣ ба роҳ монда, барномаҳои пешқадами таълимии онҳо ҷорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, бо ширкати "Пирсон"-и Англия дар 14 техникуми минтақаҳо ҷавонон тавассути барномаи байналмилалии “БИТЕК” дар самтҳои сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, тиб, сохтмон, логистика, муҳандисӣ, энергетика, мошинсозӣ, биотехнология ва иқтисодиёти эҷодӣ, касбҳоеро, ки талаб ба онҳо зиёд аст, азхуд хоҳанд кард.

    Дар мамлакат фарогирӣ бо таълими дуал 5 баробар зиёд хоҳад шуд. Ҳоло барои азхуд кардани технологияҳои нав ва муоширати озод бо сармоягузорон ва ҳамкорони хориҷӣ, соати забонҳои хориҷӣ дар техникумҳо 4 баробар зиёд карда мешавад.

    Умуман, соли оянда платформаи рақамии кушоди нав ба кор оғоз намуда, дар он маълумот дар бораи малакаҳои касбии хатмкунандагони техникумҳо барои кордиҳандагони маҳалливу хориҷӣ эълон карда мешавад.

    Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ вазифаи мушовири мактаб ҷорӣ гардида, онҳо аз синфи 7 сар карда, хонандагонро ба касбу ҳунар роҳнамоӣ мекунанд.

    Тавре медонед, мо солҳои охир ба таълими олӣ аҳамияти махсус медиҳем. Дар натиҷаи ислоҳот, ки амалӣ гардиданд, дар ҳашт соли охир шумораи донишгоҳҳо аз 77 ба 202-то ва шумораи донишҷӯён аз 250 ҳазор ба 1,5 миллион расид. Барои ҷавонон дар дохил шудан ба боргоҳҳои таълими олӣ имконоти интихоб васеъ гардид. Музди меҳнати омӯзгороне, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳанд ба таври назаррас афзуд.

    Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки қисми асосии олимонеро, ки дар соҳаҳои муайяни илм тадқиқот бурда, натиҷаҳои мушаххасро ба даст меоранд, профессор-устодон ташкил мекунанд.

    Дӯстонии гиромӣ!

    Мо ба баланд бардоштани мақом ва нуфузи касби муаллимӣ ва устодӣ ҳамчун масъалаи сарнавиштсоз менигарем. Аз ин рӯ, беҳтарсозии шароити меҳнату зиндагии кормандони соҳа аз самтҳои устувори ислоҳоти мо боқӣ хоҳад монд. Аз ҷумла, аз соли нав ба омӯзгорони соҳиби тоифаи олӣ, ки собиқаи кории на кам аз 15-сола доранд, 25 дарсади пешпардохти кредити ипотека супорида мешавад.

    Аз соли нави таҳсил, барои фарзандони омӯзгороне, ки ба донишгоҳҳои давлатӣ дохил мешаванд, 30 фоиз ҷорӣ намудани имтиёз дар пардохти маблағи шартнома дар назар аст. Барои хариди техникаи компютерии замонавӣ ба омӯзгорон то 10 миллион сӯм кредити имтиёзнок дода мешавад. Аз соли нав пардохтҳои хидматрасониҳои давлатӣ барои кормандони соҳа 2 баробар кам мегардад. Барои педагогҳои оянда, ки ба донишгоҳҳои TOP-300-и ҷаҳон дохил мешаванд, то 20 ҳазор доллар кредити имтиёзноки таълимӣ ҷудо мегардад.

    Бо як сухан, корҳоеро, ки ҷиҳати ба яке аз касбҳои муҳимтарин ва бонуфузи ҷомеа табдил додани касби муаллимӣ ва мураббигӣ оғоз намудем, пайваста давом медиҳем.

    Устодони муҳтарам, мураббиёни азиз!

    Мутафаккир ва донишмандони барҷастаеро, ки дар таърихи мамлакатамон ду маротиба дар замони худ Ренессанси бузургро ба вуҷуд овардаанд, шумо барин омӯзгор ва муаллимон тарбия намуда, ба камол расондаанд. Бовар дорам, ки Шумо, азизон, ҳамчун идомагари ин анъанаҳои нек дар тарбияи бунёдкорони давраи Эҳёи сеюм, ки имрӯз дар Ватани маҳбубамон сохта мешавад, саҳми арзанда мегузоред.

    Дар роҳи татбиқи чунин ҳадафи олиҷаноб ба Шумо сиҳатии мустаҳкам, тавоноӣ, муваффақиятҳои нав ва хушбахтии оилавӣ таманно мекунам.

    Бигузор, дар эҳтирому эъзози халқу диёр ва шогирдон будан ҳамеша ба Шумо насиб кунад!

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates