Ба иштирокчиёни конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ: мероси муштараки маънавию маърифатӣ – ояндаи муштарак»

    Дӯстони азиз!

    Ман аз дидори шумо – олимони барҷаста, муҳаққиқон, арбобони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳамаи иштирокчиёни аввалин конгресси байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои муҳимми мероси ғании маънавию маърифатии мо бахшида шудааст, самимона шодам.

    Тавре маълум аст, халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро риштаҳои дӯстӣ ва бародарии чандинасра, таъриху фарҳанги умумӣ, инчунин мероси бениҳоят ғании маънавию илмӣ ба ҳам мепайванданд.

    Аз замонҳои қадим дар сарзамини мо бузургтарин мутафаккирон ва соҳибилмоне зистаанд, ки бо нури дониш ва маърифат ҷаҳонро равшан гардонда, бо асарҳои бунёдӣ ва кашфиёти бузурги илмии худ ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

    Беасаб нест, ки барои баргузории ин конгресс Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон интихоб гардид. Дар ин маҷмааи бошукӯҳ ва нодири маърифативу фарҳангӣ шумо имконият меёбед ба таърихи беш аз сеҳазорсолаи пурифтихор, аз ҷумла давраҳои Эҳёи Аввал ва Дуввум дар минтақаи мо ошно шавед ва ҳамзамон бо экспозитсияи инъикоскунандаи рушди муосир ва ояндаи Ӯзбекистони Нав шинос гардед.

    Иштирокчиёни муҳтарам!

    Дар ин замони бисёр ҳассосу мураккаб, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мухолифатҳо ва низоъҳо шиддат меёбанд, вазифаи аз ҳама муҳим барои ҳамаи мо ҳифзи сулҳ ва субот мебошад. Мо бояд аз таҷрибаи таърих сабақ гирем, ба ҳар кор бо такя ба дониш ва маърифат муносибат намоем, ваҳдати байни халқҳои гуногунро таҳким бахшем ва гуфтугӯи байнитамаддунҳоро тавсеа диҳем.

    Дар Ӯзбекистон дар ин самт ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ шуда истодаанд. Таъкид кардан лозим, ки танҳо дар солҳои охир тақрибан 500 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд карда шудааст, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 77 то 202 зиёд гардид, мактабҳои Президентӣ ва Эҷодӣ, ки ба номи бузургтарин донишмандону мутафаккирон гузошта шудаанд, фаъолият доранд.

    Дар маркази таваҷҷуҳи мо ва шарикони хориҷиамон минбаъд низ доимо масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва пешниҳодҳо оид ба ҳифзи мероси маънавию маърифатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот ва лоиҳаҳо қарор хоҳанд дошт.

    Омодасозии лоиҳаи қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии СММ бо иштироки шумо, ки дар он саҳми тамаддуни исломии Осиёи Марказӣ дар рушди маърифат, илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф мегардад, як қадами амалии муҳим дар ин самт хоҳад буд.

    Соли оянда мо ният дорем як чорабинии махсусеро баргузор кунем, ки дар доираи он, дар қароргоҳи СММ, лоиҳаи мазкур муҳокима ва барои тасдиқ пешниҳод мегардад. Ин чорабинӣ ба мероси илмӣ ва маънавии пурғановати бузургон ва ниёгони мо бахшида хоҳад шуд.

    Мо бояд якҷо ва бо самаранокӣ фаъолият кунем, то мақоми Осиёи Марказӣ — минтақае, ки таърихи бузург дорад — ҳамчун маркази илм ва маърифат боз ҳам таҳким ёбад. Мо омодаем барои ин ҳама шароитро муҳайё созем.

    Боварӣ дорам, ки форуми имрӯза ба рушди ҳаёти илмӣ ва фарҳангии мо такони ҷиддӣ мебахшад.

    Ба ҳамаи шумо саломатӣ, дастовардҳои нав дар фаъолияти пуршарафатон ва комёбӣ дар кори конгресс орзу менамоям.

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates