Шумо, тамоми мардуми сермиллати моро бо фарорасии Соли нави - 2026 самимона табрик мегӯям.
Соли гузашта дар ҳаёти мардуми мо соли тағйирот ва дастовардҳои бузург ва соли афзоиши эътимод ба оянда буд.
Бо вуҷуди вазъияти душвори ҷаҳонӣ, мо ба ҳамаи ҳадафҳо ва дастовардҳои худ ноил гардидем. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бори аввал аз 145 миллиард доллар гузашт ва Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро дар байни кишварҳои дорои даромади миёна мустаҳкам кард.
Самараи рушди иқтисодӣ дар беҳбуди зиндагии мардуми мо, даромади оила, симои маҳаллаҳо ва эътиқоди ҷавонони мо ба оянда равшан инъикос ёфтааст.
Дар соли гузашта дар ҳар як оила, ҳар як хона лаҳзаҳои дурахшон ва хушбахтона зиёд буданд.
Шодмонии миллионҳо оилаҳое, ки бурёкӯбон карданд, даромади худро афзоиш доданд, тиҷорати худро ба роҳ монда, мустаҳкам карданд ва аз муваффақиятҳои шахсӣ ва фарзандони худ дар илм, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳо ифтихор мекунанд, - ҳамаи ин бешубҳа ба мо дар расидан ба ҳадафҳои худ дар Соли нав қувват ва нерӯ мебахшад.
Ҳамватанони азиз!
Дар соли нав мо барои таъмини ҳаёти хушбахтона, шукуфон ва солим барои ҳар як оила, соҳиби маълумоти босифат, касбҳои оянда гардидан ва мантазам бо варзиш шуғл варзидани ҷавонон имкониятҳои навро сафарбар хоҳем кард.
Мо соли 2026-ро "Соли рушди маҳалла ва тамоми ҷомеа" эълон кардем.
Дар соли нав мо инфрасохтори ҳазорҳо маҳалларо беҳтар карда, ба онҳо симои Ӯзбекистони навро медиҳем.
Ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба модели рушди технологӣ ва инноватсионӣ гузаронида мешаванд. Мо барои афзоиши даромад ва қобилияти харидории аҳолӣ минбаъд низ корро идома медиҳем.
Дастгирии ниёзмандон, собиқадорони муҳтарами худ, занони азиз ва ҷавононро васеъ хоҳем кард.
Минбаъд низ чораҳои муассирро барои беҳтар кардани муҳити зист, рушди энергияи «сабз» ва истифодаи самараноки захираҳои об идома хоҳем дод.
Хулоса, дар соли 2026 тамоми ислоҳот ва кӯшишҳои мо барои фароҳам овардани шароити мусоидтарини зиндагӣ барои аҳолӣ ва тиҷорат равона карда мешаванд.
Боварӣ дорам, ки раисон ва фаъолони ботаҷрибаи маҳалла, зиёиён, соҳибкорон, ҷавонони пурғайрат, мардуми оддӣ ва ҳар як ҳамватан дар ин кори хайр саҳми арзанда хоҳанд гузошт!
Ҳамватанони азиз!
Дар арафаи Соли нав ҳар як оила ниятҳои нек мекунад ва дар дили ҳар як инсон орзую умедҳои дурахшон аланга мезананд.
Бигзор ҳамаи андешаҳои пок ва орзуҳои неки мо дар соли 2026 амалӣ шаванд!
Бигзор Соли нав ба ҳар як оила саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ ва ба кишвари мо пешрафт, сулҳ ва оромӣ оварад!
Бигзор Худованди мутаол Ватани моро ҳифз кунад ва моро дар талошҳоямон барои боз ҳам беҳтар кардани зиндагии мардумамон дастгирӣ кунад!
Соли нав муборак, азизон!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон