Ҷанбаҳои амалии тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди стратегӣ бо яке аз ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ, ки барои бунёди корхонаҳои саноатии баландтехнологӣ дар Ӯзбекистон фаъолона сармоягузорӣ мекунанд, баррасӣ гардиданд.
Дар айни ҳол портфели лоиҳаҳои муштарак бо «Air Products» дар кишвари мо аз 2,5 миллиард доллар гузашт.
Дар бораи татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи азнавкоркарди амиқи карбогидридҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои энергетика ва кимиё тавофуқ ҳосил шуд.