Ҷонибҳо қайд карданд, ки шиддат гирифтани вазъ, афзоиши низоъҳо ва ихтилофҳо дар Шарқи Наздик боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки чунин ҳодисаҳо, ки дар моҳи муқаддаси Рамазон рух медиҳанд, ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифанд.

Зарурати фавран қатъ намудани ҳама гуна амалҳое, ки ба сулҳ ва суботи минтақа таҳдид мекунанд, зикр гардид.

Сарвари давлати мо ба роҳбарият ва мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб, ки шарики стратегии Ӯзбекистон ва дӯсти наздик мебошад, ҳамраъйӣ ва дастгирӣ изҳор кард.

Ҳамчунин Президенти кишвар барои кумаки амалие, ки ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дар қаламрави Аморот расонида мешавад ва барои баргардонидани онҳо ба Ватан, изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ Президенти АМА ба роҳбари Ӯзбекистон барои дастгирии самимӣ, эҳтироми бародарона ва ҳамраъйӣ дар ин давраи душвор изҳори миннатдории амиқ кард.