Дар оғози суҳбат шайх Мансур Ол Наҳаён сарвари давлатамонро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург орзу намуд. Вай инчунин аз номи Президенти Аморат шайх Муҳаммад Ол Наҳаён салом ва орзуҳои нек расонд.

Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистону Аморот ба сатҳи олӣ расидаанд. Ҳаҷми савдо босуръат меафзояд, шумораи корхонахои муштарак зиёд мешавад. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории ҷорӣ аз 4 миллиард доллар зиёд аст.

Аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои дар пешистодаи сатҳи олӣ, бо мазмуни нави амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисодиёт ва сармоягузорӣ ғанӣ гардондани онҳо қайд карда шуд. Дар ин замина ба баргузории мулоқотҳои ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар ин рӯзҳо ҷиҳати таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ва тарҳҳои ояндадор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.