Президенти Ӯзбекистон муҳим будани таҳкими сулҳ ва эътимодро барои таъмини рушди устувор изҳор намуд

    12 декабр дар шаҳри Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Форуми байналмилалӣ, бахшида ба 30-солагии бетарафии доимии Туркманистон, Рӯзи байналмилалии бетарафӣ ва «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод» эълон гардидани соли 2025 иштирок кард.

    Дар ин чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳбарони дигар кишварҳо, сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд.

    Дар суханронии худ Президенти Ӯзбекистон, ҷониби Туркманистонро самимона бо 30-юмин солгарди бетарафии доимӣ табрик намуда, таъкид сохт, ки ин санаи муҳим таҷассуми садоқати устувори Туркманистон барои рушди муносибатҳои сулҳҷӯёна, боэътимод, дӯстона ва мутақобилан судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад.

    – Бетарафии Туркманистон, ки қисми ҷудонопазири ҳувияти муосири халқи туркман гардидааст, ба анъанаҳои амиқи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, инчунин сифатҳои олие чун саховатмандӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамсоягии нек такя мекунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин замина ташаббуси Туркманистон оиди якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Донишгоҳи сулҳ ва бетарафӣ дастгирӣ гардид.

    Сарвари давлатамон зикр намуд, ки барои Ӯзбекистони Нав кушодагӣ ба ҷаҳон, эҳтироми мутақобила ва талош барои гуфтугӯ арзишҳои асосӣ ба шумор мераванд. Яке аз далелҳои ин раванд Иқдоми Самарқанд оид ба ҳамбастагӣ баҳри амнияти умумӣ ва шукуфоӣ мебошад, ки аз ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод шуда, ба ҷалби ҳамаи ҷонибдорони сулҳ, созиш ва рушди устувор ба муколама равона шудааст.

    Илова бар ин, Ӯзбекистон мехоҳад дар давраи раёсати худ дар Ҳаракати бетарафӣ афзалиятҳоро ба ҳавасмандгардонии ҳаракати ҷаҳонӣ ба нафъи фарҳанги сулҳ ва зӯроваринопазирӣ, таҳкими эътимод дар муносибатҳо миёни давлатҳо дар асоси муколамаи сиёсӣ ва мусоидат ба густариши фазои таҳаммул, фаҳмиши мутақобила ва ҳамбастагӣ равона созад.

    Ҳамчунин дар давраи раёсат ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2027 – Соли дипломатияи пешгирикунанда оид ба дастгирии талошҳо бобати ҳалли низоъҳо бар манфиати насли оянда эълон карда шавад. Дар доираи он барномаи чорабиниҳо, аз ҷумла баргузор намудани конфронсу форумҳо ва табодули ҳайатҳои парлумонҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон тарҳрезӣ мегардад.

    Президенти кишварамон таъкид намуд, ки дар шароити кунунии танишҳои ҷаҳонӣ ва коҳиши эътимод миёни давлатҳо, риояи тамоюлҳои сулҳдӯстӣ ва миёнҷигӣ беш аз ҳарвақта муҳим гардидааст. Маҳз аз ин рӯ Ӯзбекистон пешниҳоди Туркманистонро оид ба Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод эълон намудани соли 2025 дастгирӣ намуд ва ба ҳайси ҳаммуаллифи қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ баромад.

    Вай ҳамчунин таъкид кард, ки принсипҳои эътимоди мутақобила, эҳтиром ва якдилии кишварҳо сиёсати асосии табдил додани Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек ба шумор мераванд.

    – Мулоқоти машваратии ҳафтум дар сатҳи сарони давлатҳои минтақа, ки моҳи гузашта дар Тошканд баргузор шуд, бори дигар омодагии моро ба таҳкими ҳамбастагӣ, амалҳои муштарак барои таъмини сулҳу субот дар минтақа, инчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодии бисёрсамтӣ нишон дод, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин робита, Сарвари давлатамон ба нақши хосаи сиёсати созанда ва сулҳҷӯи Туркманистон дар таъмини субот ва рушди Осиёи Марказӣ ишора намуд.

    Ӯ изҳори боварӣ кард, ки ташаббусҳо ва пешниҳодҳои байналмилалии Туркманистон, ки ба ғояҳои неки сулҳ ва эътимод асос меёбанд, дар рӯзномаи давраи раёсати Ашқобод дар формати Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои минтақа ба таври шоиста инъикос меёбанд.

    Бо зикри аҳамияти ҳамкории башардӯстона барои тақвияти ҳамкорӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамбастагӣ асос ёфтааст, роҳбари Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки соли оянда дар Тошканд форуми байналмилалии башардӯстона бо номи "Муколамаи фарҳангҳо" ташкил карда, барномаи минтақавии "Ҷавонон барои сулҳ ва эътимод" роҳандозӣ карда шавад.

    Дар хотима, роҳбари давлат омодагии Ӯзбекистонро барои идома додани саҳми созанда дар бунёди тартиботи одилона ва устувори ҷаҳонӣ таъкид кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates