Президенти Ӯзбекистон соҳибкорони Аврупоро ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Белгия бо роҳбарони ширкат ва бонкҳои пешбари Аврупо суҳбат кард.

    Дар вохӯрӣ роҳбарони “Vandewiele”, “Linde”, “Rhenus Logistics”, “Ahlers Logistics”, “Lasselsberger Group”, “Pietro Fiorentini”, “NextChem”, “Meridiam”, “SUEZ”, “FMO”, “European Investment Bank”, “Commerzbank”, “KfW”, “Textima”, “Chimcomplex”, “Metso” ва дигар ширкату корпоратсияҳои маъруф иштирок карданд.

    Роҳбари давлат таъкид намуд, ки иштироки ширкатҳои пешсафи Аврупо дар чорабинӣ нишонаи эътимоди баланди байниҳамдигарӣ ва омодагӣ ба шарикии дарозмуддат мебошад.

    Зикр гардид, ки имзои Созишномаи дар бораи шарикӣ ва ҳамкории густурда оғози марҳалаи нави муносибатҳои Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

    Дар ҳафт соли охир ҳаҷми муомилоти молӣ ду баробар афзудааст, шумораи корхонаҳои муштараке, ки бо сармояи Аврупо таъсис ёфтаанд, аз ҳазор гузаштааст. Ин нишондиҳандаҳо аз афзудани боварии сармоягузорон ба ислоҳотҳои иқтисодӣ дар Ӯзбекистон гувоҳӣ медиҳанд.

    Таъкид гардид, ки ҳамкорони аврупоӣ бобати навсозӣ ва ислоҳи куллии иқтисодиёти Ӯзбекистон, ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта, меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва рушди истеҳсолоти инноватсионӣ кӯмак мерасонанд.

    Президенти мо ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Имкониятҳои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълими олӣ ба таври назаррас васеъ гардид. Боргоҳҳои нави таълими олӣ таъсис ёфта, филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ боз гардиданд, бо ҳамкорони аврупоӣ барномаҳои муштараки таълимӣ амалӣ мешаванд.

    Дар вохӯрӣ сарвари давлат чор самти муҳими боз ҳам амиқтар намудани ҳамкориҳоро муайян кард.

    Ӯзбекистон аз татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашудаи баланд тавассути истихроҷ ва коркарди амиқи ашёи хом ва минералҳои стратегӣ манфиатдор аст.

    “Иқтисоди сабз” ва саноати кимиё низ аз самтҳои ояндадор барои ҳамкорӣ мебошанд. Мамлакатамон энергияи барқароршавандаро фаъолона татбиқ мекунад, низоми энергетикаро навсозӣ менамояд. Аз шарикони аврупоӣ даъват карда шуд, ки дар лоиҳаҳои энергетикаи “сабз”, сарфаи энергия ва кимиёи экологӣ иштирок намоянд.

    Рушди инфрасохтор ва логистика низ ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардиданд. Ӯзбекистон шабакаи нақлиётии худро, ки роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва фурудгоҳҳоро фаро мегирад, навсозӣ мекунад. Мамлакат барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди масирҳои транзитӣ, бунёди марказҳои муосири логистикӣ, ки Аврупо ва Осиёро мепайванданд, омода аст.

    Ба соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ диққати махсус дода шуд. Ӯзбекистон IT-паркҳо ва инкубаторҳои стартапро пеш мебарад ва барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ омода аст.

    Дар навбати худ, иштирокдорони мулоқот шароити шаффоф ва устуворе, ки дар мамлакати мо барои сармоягузорӣ фароҳам шудааст, баланд арзёбӣ карда, омодагии худро барои иштирок дар лоиҳа ва ташаббусҳои нави муштарак дар кишвари мо изҳор доштанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates