Роҳбари давлати мо рушди мунтазами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Ҳиндустонро мувофиқи созишномаҳое, ки дар ҷараёни робитаҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ қайд кард.
Вазир Ҷайшанкар салом ва таманноҳои Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модиро ба раҳбари Ӯзбекистон расонд.
Кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба пешбурди ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодии ин кишвар равона шудаанд, баҳои баланд гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, инноватсия, савдо, тиҷорат, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок бо ҷалби фаъоли минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.
Ба идомаи муколамаи судманд дар формати "Ҳиндустон -- Осиёи Марказӣ" таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.