Масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ташкилоти пешбари соҳавии низоми СММ оид ба рушди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ ва оммавигардонии самти сайёҳӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат Котиби генералӣ аз номи сохторҳо ва ниҳодҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати моро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ самимона табрик гуфта, аз самими қалб бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург орзу намуд.
Ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории чорабинии асосии байналмилалии соҳаи сайёҳӣ дар соли ҷорӣ – сессияи 25-умин ҷашнии Ассамблеяи генералии ЮНВТО дар моҳи октябр дар Самарқанд таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Муҳимияти тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар самти ҷалби сармоягузорони пешқадам – ширкат ва брендҳои маъруфи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба ташкили корхонаҳои муосир ва инфрасохтори бароҳати сайёҳӣ дар Ӯзбекистон таъкид гардид.
Илова бар ин, маҷмӯи чорабиниҳои муштарак дар самти пешбурди обрӯи байналмилалӣ, дар соҳаи таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла таъсиси Академияи байналмилалӣ ва дафтари мавзӯии ЮНВТО дар кишвари мо амалӣ карда мешавад.