Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда роҳбари кишвари моро муовини губернатори минтақаи Макка шоҳзода Бадр бин Султон Ол Сауд ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тибқи барномаи будубош имрӯз як қатор чорабиниҳои протоколӣ баргузор мешаванд.

Рӯйдодҳои асосии ҳамоиш – мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ва музокироти дуҷониба фардо, 19 июл баргузор мешаванд.