Президенти Ӯзбекистон бо котиби генералии ИДМ мулоқот кард

    Ҳукумат 10 Iyul 2023 3644

    10 июл Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро қабул кард.

    Дар оғози мулоқот котиби генералии ИДМ сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, бахту саодат ва дар таъмини рушди устувор ва шукуфоии кишвар комёбиҳо таманно намуд.

    Таъкид шуд, ки интихобот комилан мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии интихобот баргузор шуд.

    Махсусан кайд карда шуд, ки дараҷаи баланди иштироки интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ аз дастгирӣ ва боварии васеи аҳолӣ ба барномаи ислоҳоти амалӣ гувоҳӣ медиҳад.

    Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ИДМ низ баррасӣ шуданд.

    Дар солҳои охир Ӯзбекистон зиёда аз 40 созишнома ба имзо расонида, ба фаъолияти 24 мақомоти соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дирӯз дар Тошканд ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратии сарони комиссияҳои интихоботии кишварҳои узви ИДМ бомуваффақият баргузор гардид.

    Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи барномаву лоиҳаҳое, ки ба густариши шарикии бисёрҷониба нигаронида шудаанд, зоҳир гардид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates