Президенти Ӯзбекистон муҳим будани тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалиро дар доираи ИДМ таъкид кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 октябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат варзид.

    Дар кори ҳамоиш, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Саркотиби ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.

    Мувофиқи рӯзнома, масъалаҳои мубрами тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар доираи Ҳамдӯстӣ баррасӣ шуданд.

    Роҳбари давлатамон дар оғози суханронии худ таъкид кард, ки новобаста ба равандҳои ғайриқобили пешгӯӣ дар сиёсати глобалӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ ва заиф шудани нақши ниҳодҳои байналмилалӣ, ИДМ устуворӣ, самаранокӣ ва сохтори зарурӣ будани худро нишон медиҳад.

    Ба туфайли механизм ва робитаҳое, ки тӯли даҳсолаҳо ба роҳ монда шудаанд, дар тамоми самтҳои масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона ҳамкории наздик ба роҳ монда шудааст.

    – Мо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, инчунин, баланд бардоштани самарадории ҳамкории амалӣ бо мамлакатҳое, ки шарики табииӣ мо ҳастанд, манфиатдорем, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

    Сипас, роҳбари мамлакатамон оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар доираи ИДМ як қатор пешниҳод ва ташаббусҳоро пешбарӣ намуд.

    Бо назардошти шиддат гирифтани вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ, пурзӯр шудани протексионизм ва ба миён омадани хатарҳои нав дар роҳи рушди устувор, густариши шарикӣ дар соҳаи иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки созмон ном бурда шуд.

    Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистон ва кишварҳои ИДМ соли гузашта 11 фоиз афзуд ва ин рақам имсол низ дар ҳоли афзоиш аст. Ин нишондиҳандаҳо ба туфайли амиқ шудани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва афзоиши ҷараёни сармоягузории мутақобила мебошанд.

    Бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва нигоҳ доштани суръати имрӯзаи ҳамкорӣ, Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки саъю кӯшишҳои муштарак ба самтҳои зерин равона карда шаванд.

    Якум, фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои афзунсозии гардиши мол.

    Таъкид гардид, ки дар раванди расонидани як қатор маҳсулот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзӣ, соддагардонии расмиёт ва тартибу талабот, фароҳам овардани шароити беҳтар барои дастрасӣ ба бозорҳои миллӣ, аз ҷумла ширкат дар харидҳои давлатӣ зарур аст.

    Инчунин, таъкид шуд, ки дар доираи Шӯрои иқтисодии ИДМ роҳандозӣ намудани механизмҳо оид ба вокуниши фаврӣ ба тағйироти вазъи берунӣ ва тағйир додани ҷараёнҳои савдо, фаъолтар намудани корҳо ҷиҳати мутобиқат дар мавриди лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳо оид ба монеаҳои техникӣ ва арзёбии мутобиқат мувофиқи мақсад мебошанд.

    Дувум, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт.

    Зикр гардид, ки дар шабакаи нақлиётии ИДМ ҳолатҳои мушкилие, ки самаранокии роҳҳои мавҷударо коҳиш медиҳанд, ҳамоно боқӣ мондаанд. Ин таъсиси марказҳои иттилоотию логистикии ҳамгиро бо тамоми намудҳои нақлиётро тақозо мекунад.

    Бо назардошти зарурати ҷалби сармояи хусусӣ барои таҷдиди инфрасохтори боркашонӣ, ташаббуси гузаронидани конфронс дар Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тавсеаи шарикии давлатӣ-хусусӣ дар соҳаи нақлиёт пешбарӣ шуд.

    Сеюм, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои мутақобила ва дастгирии лоиҳаҳои кооператсионӣ.

    Дар ин самт таҳияи «харитаи роҳ» доир ба дастгирӣ ва рушди минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатӣ, созмони платформаи венчурии ИДМ барои пешбурди стартапҳои инноватсионӣ бо амиқсозии кооператсия ва ҷалби тиҷорат, соли оянда дар Тошканд гузаронидани Форуми саноати инноватсионӣ дар заминаи намоишгоҳи «ИННОПРОМ» пешниҳод гардид.

    Чорум, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика.

    Тавре роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ҳоло бо шарикони ИДМ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои анъанавӣ ва алтернативии энергия, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, як қатор лоиҳаҳои бузурги стратегӣ амалӣ мегарданд.

    Сарвари давлати мо пешниҳод кард, ки барномаи дарозмуддат доир ба рушди инноватсионии бахши энергетика дар мамлакатҳои ИДМ таҳия ва татбиқ карда шавад.

    Панҷум, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ.

    Сарвари давлатамон таъкид кард, ки форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ИДМ», ки моҳи августи соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, аз афзоиши таваҷҷуҳ ва имкониятҳо барои ҳамкорӣ дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад. Ба ин муносибат, пешниҳод кард, ки Нақшаи чорабиниҳои бисёрҷониба оид ба амиқсозии ҳамкории амалӣ дар ин соҳа таҳия карда шавад.

    Сарвари давлат ба аҳамияти густариши лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои фан, таълим, фарҳанг ва санъат диққати махсус дод.

    – Мо бо назардошти рушди босуръати бахши таълим ва бозори меҳнат дар мамлакатҳоямон, таҳияи созишномаи байнидавлатии нав дар бораи эътирофи дипломҳо, тахассус ва барномаҳои академиро, ҳамчунин роҳандозии механизми ҳамоҳангсозии стандартҳои касбӣ ва талаботи тахассусиро зарур мешуморем, – гуфт Президент.

    Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки соли оянда барои ташаккули экосистемаҳои инноватсионӣ, дастгирии иқтидори эҷодӣ ва зеҳнии насли нав, масъалаи ташкили “Лабораторияи ҷавонон” ба рӯзнома ворид карда шавад ва омодагии худро барои гузаронидани Форуми ҷавонони ИДМ дар Хива баён кард.

    Зимни таваққуф ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, Президенти мо ба аҳамияти идома додани ҳамкории бонизом ва наздики байни идораҳои сиёсии хориҷӣ ва хадамоти махсус эътибор кард. Вазъ дар Афғонистон диққати махсусро тақозо мекунад.

    – Таъкид мекунам, ки Ӯзбекистон ҷонибдори қатъии таъмини сулҳи дарозмуддат, субот ва рушди устувор дар Афғонистон мебошад. Дар робита ба ин, пешниҳод мекунем, ки имкониятҳои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар ин кишвар якҷо баррасӣ шаванд, – гуфт пешвои мамлакатамон.

    Шавкат Мирзиёев дар охири суханронии худ дубора ба вазифаи Саркотиби ИДМ таъин гардидани Сергей Лебедевро дастгирӣ кард ва ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ки раёсати созмонро ба уҳда гирифт, муваффақият таманно намуд.

    Дар ҷамъомад роҳбарони ҳайатҳои дигар мамлакатҳои узви Ҳамдӯстӣ низ суханронӣ карданд.

    Дар анҷоми ҳамоиш оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ бастаи созишномаву қарорҳо имзо шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates