Дар оғози вохӯрӣ муовини президент Инмин Янг салом ва таманноҳои беҳтарини раиси Бонки рушди Осиё Масато Кандаро ба Сарвари давлати мо расонда, инчунин ӯро бо баргузории муваффақонаи форум табрик намуд.
Зимни мулоқот ҷанбаҳои амалии амиқсозии ҳамкорӣ бо ин муассисаи пешбари молиявии байналмилалӣ дар доираи татбиқи стратегияҳои ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандии зиёд таъкид шуд, ки дар солҳои охир сатҳи баланди ҳамкориҳо ба даст омадааст. Ҳоло ҳаҷми лоиҳаҳои амалкунанда 14 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки самтҳои энергетикаи «сабз», нақлиёт, трансформатсияи рақамӣ, маориф ва дигарро фаро мегирад.
Роҳбари кишвари мо таҳияи Барномаи нави шарикии стратегии фарогир бо Бонки рушди Осиёро ҷонибдорӣ кард, ки лоиҳаҳои навро дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, шарикии давлатӣ-хусусӣ, тиҷорат, соҳаи иҷтимоӣ ва бозори сармоя дар бар хоҳад гирифт.
Ба пешбурди лоиҳаҳои мубориза бо камбизоатӣ, коркарди минералҳои муҳим, дастгирии буҷетӣ ва таъсиси платформаи муштараки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин чораҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Ҷамъомади солонаи Шӯрои роҳбарони бонк, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мавриди муҳокима қарор гирифт.