Сарвари давлатамон рушди муназзами муносибатҳои ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистону Покистонро бо қаноатмандӣ қайд кард. Музокироти сатҳи баланд дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ асос меёбад, асос гузошт.
Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмуд Курейши салом ва орзуҳои неки Сарвазири Покистон Имрон Хонро расонд ва инчунин барои саъю кӯшиши фаъолонаи раҳбари Ӯзбекистон дар таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа изҳори сипос намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.
Ба инкишофи вазъият дар Афгонистон диққати махсус дода шуд.
Аҳамияти идомаи робитаҳои наздики байниидоравӣ ва табодул оид ба ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид шуд.
Ҳамчунин пайравӣ ба пешбурди минбаъдаи муштараки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар" тасдиқ карда шуд.