Президенти Ӯзбекистон Нахустин Президенти Қазоқистонро табрик кард

    Ҳукумат 6 Iyul 2021 4685

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон - Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлати мо Элбоширо бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, сарбаландӣ ва комёбиҳои азим, инчунин ба халқи бародари Қазоқистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Нақши махсуси Нурсултон Назарбоев дар ташаккули Қазоқистони замонавӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, саҳми бузурги ӯ дар таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, инчунин таъмини субот ва рушди устувор дар минтақа таъкид карда шуд.

    Масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд. Аҳамияти пешбурди минбаъдаи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, сайёҳӣ, барномаҳои муштарак дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид.

    Инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ, пеш аз ҳама дар ҷанбаи шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор ба амал омад.

    Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла баргузории Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки Раиси фахрии он Нахустин Президенти Қазоқистон мебошад, баррасӣ шуд.

    Сӯҳбати роҳбарони ду кишвари бародар дар фазои анъанавӣ гарм, эътимодомез ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates