Роҳбари Ӯзбекистон рӯзҳои 31 авгуcт – 1 сентябр дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ҳамоиши формати “СҲШ плюс”, ки дар шаҳри Тянҷзин гузаронида мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар рӯзномаи чорабиниҳо баррасии масоили муҳим оид ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятнок ва такмили фаъолияти минбаъдаи созмон ҷой доранд. Дар анҷоми он қабули Эъломияи Тянҷзин, ҳуҷҷат ва қарорҳои муштарак ҷиҳати рушд ва таҳкими шарикӣ дар самтҳои амният, иқтисоди рақамӣ, саноати “сабз”, энергетика, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо дар назар аст.

2 сентябр роҳбари давлатамон дар шаҳри Пекин бо Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин мулоқот, инчунин бо намояндагони расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешбари Чин вохӯриҳо мегузаронад. Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии бисёрҷанба ва густариши ҳамкориҳои амалии миёни Ӯзбекистон ва Чин баррасӣ мешаванд.

3 сентябр Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок мекунад.