Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Абдулло Тӯқай Сарвари давлатамонро Сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Мувофиқи барномаи сафар Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин музокирот анҷом медиҳад.
Сипас раҳбарон дар маросими ифтитоҳи нахустин “Бозиҳои оянда” - мусобиқаи байналмилалии мултиварзишӣ, ки аз 21 феврал то 3 март дар Қазон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.