Президенти Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба бо Арабистони Саудӣ мебошад

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Файсал бин Фарҳон Ол Саудро, ки дар чаҳорчӯби барномаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Роҳбари идораи корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба роҳбари Ӯзбекистон саломи гарм ва орзуҳои неки шоҳ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд ва Валиаҳд, Сарвазир Муҳаммад бин Салмон Ол Саудро расонд.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ ва шарикии ҳамаҷониба дар заминаи татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

    Айни замон равобит ва табодули фаъоли ҳайатҳои вакилон дар сатҳҳои гуногун идома дорад. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ, шумораи корхонаҳои муштарак ва мавҷи парвозҳо меафзояд.

    Татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз”, кишоварзӣ, тандурустӣ, модернизатсияи инфрасохтори нақлиётӣ, IT ва дигар бахшҳои афзалиятнок оғоз гардид.

    Ба масъалаҳои омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла баргузории нишасти дуюми муколамаи «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои араби Халиҷи Форс» дар соли 2025 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Илова бар ин, масъалаҳои дигари рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҳалли мусолиматомези масъалаи Фаластин баррасӣ шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates