Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва саноат баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ оғози сохтмони ду неругоҳи барқии офтобӣ ва системаҳои захиракунии энергия дар вилояти Самарқанд қайд шуд. Ҳамчунин, аҳамияти суръат бахшидани татбиқи лоиҳаи ба ин монанд дар асоси неругоҳҳои бодӣ ва батареяҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таъкид гардид.
Нақшаҳои ширкат оид ба иштирок дар истеҳсоли маҳсулоти кабелии шиддаташ фавқулбаланд ва навсозии парки автомобилҳои ёрии таъҷилӣ мувофиқа карда шуданд.
Дар анҷоми мулоқот Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки барномаи ҳамкорӣ бо корпоратсия то соли 2030 қабул карда шавад.