Раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсарашро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамсараш самимона истиқбол гирифтанд.
Дар майдони назди қароргоҳ ба шарафи меҳмони оликадр қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Сарони давлатҳо аз пеши қаровули фахрӣ гузаштанд. Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро навохт.
Пас аз маросими аксбардории муштарак мулоқоти дуҷонибаи президентҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Озарбойҷон Илҳом Алиев оғоз ёфт.