Президенти Ӯзбекистон ва Канслери Олмон бо намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар мулоқот анҷом доданд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс 16 сентябр дар шаҳри Самарқанд бо намояндагони ширкату бонкҳои бонуфузи ду кишвар мулоқоти муштарак баргузор карданд.

    Дар чорабинӣ котиби давлатии парлумонии Вазорати корҳои иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон Михаэл Келлнер, директори иҷрокунандаи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Хармс, менеҷерҳо ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи KNAUF, CLAAS, Mangold Consulting, Gunter Papenburg, Siemens Energy, Linde Group, Aurubis, FALK PORSCHE, Metso, Edison technologies, Ernst Klett, Siemens Healthineers, Herrenknecht, DB Engineering & Consulting, Svevind Energy Group, Rhenus, HMS Bergbau, Textima, инчунин бонкҳои KfW Development Bank, AKA Bank ва дигарон иштирок карданд.

    Сарвари давлатамон ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро самимона хайрамақдам гуфта, рамзи баргузории он дар шаҳри таърихии Самарқандро таъкид намуд.

    Ба натиҷаҳои музокироти пурсамари дар сатҳи олӣ дирӯз баргузоршуда баҳои баланд дода, дар рафти он афзалиятҳои асосии рушди Ӯзбекистони нав оид ба дигаргунсозии амиқ ва модернизатсияи бахшҳои иқтисодиёт дастгирӣ ёфтанд.

    Таъкид гардид, ки тавофуқномаҳо дар бораи таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати дастгирӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ дар доираи Барномаи қабулшудаи стратегии шарикии саноатӣ ва технологӣ бо ширкату бонкҳои пешрафтаи Олмон натиҷаҳои асосии мулоқот гардиданд.

    Самтҳои афзалиятноки шарикии мутақобилан судманд бо иштироки фаъол ва амалии доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон ва Олмон муайян карда шуданд.

    Сухан дар бораи кооператсияи саноатӣ дар сохаи «энергетикаи сабз», саноати химия, истеҳсоли «водороди сабз», машинасозӣ, электротехника, бофандагӣ, саноати дорусозӣ ва дигар соҳаҳо меравад.

    Илова бар ин, ширкати ширкатҳои олмонӣ дар азхудкунии конҳои маъданҳои муҳими минералӣ ва коркарди амиқи онҳо, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бо содироти минбаъда ба Олмон ва бозорҳои кишвари сеюм ҳамчун самти ояндадор муайян карда шудааст.

    Модернизатсияи инфрасохтори объектҳои энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, хоҷагии коммуналӣ, сайёҳӣ, иштирок дар барномаи хусусигардонии корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва экология дар кишвари мо аз ҷумлаи самтҳои асосӣ мебошанд.

    Дар мулоқот Президенти Ӯзбекистон ба аҳамияти роҳандозии шарикии наздик миёни соҳибкорони олмонӣ ва намояндагони ширкатҳои бузурги Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

    Дар ин замина аҳамияти таҳияи ташаббусҳои нави лоиҳавӣ ва идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар истеҳсоли масолеҳи сохтмон, металлургия, энергетика, кимиё, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва мошинсозӣ, тиб ва ғайра таъкид гардид.

    Мо вохӯрии худро дар шакли нав ташкил кардем. Аз ҷониби Ӯзбекистон иштирокчиён асосан намояндагони бахши хусусӣ мебошанд, ки солҳои охир устуворона «ба по хестаанд» ва шарикони арзандаи тиҷорати Олмон мебошанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президенти Ӯзбекистон дар анҷоми суханронии худ ба ҳамаи ҳозирин дар татбиқи нақшаҳои пешбинишуда муваффақиятҳои калон орзу кард.

    Дар навбати худ, Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс ба хусусияти рушди устувори муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари мо баҳои баланд дода, аҳамияти таҳкими робитаҳои мавҷударо таъкид намуда, намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмонро даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳа ва ташаббусҳои муштарак далерона ширкат варзанд.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates