Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон натиҷаҳои музокиротро, ки анъанавӣ дар фазои ошкоро ва эътимод сурат гирифт, бо қаноатмандӣ қайд карданд.
Сарвари давлати мо дар назди журналистон ба сухан баромада, халқи Покистонро бори дигар бо фарорасии Рӯзи Покистон табрик намуд. Президент алоҳида таъкид кард, ки сафари кунунӣ ба таври рамзӣ дар арафаи рӯйдоди бузурги таърихӣ – 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои мо сурат мегирад. Фаъол шудани муколамаи созанда дар сатҳи олӣ, бахусус солҳои охир, афзоиши босуръати сатҳи шарикӣ ва эътимоди байни Ӯзбекистон ва Покистонро пешакӣ муайян кард.
– Мо якҷоя бо Покистон купрӯки мустаҳками ҳамкориро на танҳо байни ду мамлакат, балки байни минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бунёд менамоем, – қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Нуқтаи назар ва саъю кӯшиши муштараки ду кишварро умумияти барномаҳои миллии рушди дарозмуҳлат ва беҳбудии иқтисодии "Ӯзбекистони Нав" ва «Ная Покистон» низ тасдик мекунад.
Алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ пай дар пай инкишоф меёбанд. Танҳо дар давоми як соли охир ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ 50 фоиз афзуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳадаф гузошта шуд, ки гардиши мол дар солҳои наздик ба 500 миллион доллар ва дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллар расонда шавад.
Дар рафти сафар ба имзо расидани Созишномаи савдои имтиёзнок қадами муҳим гардид.
Дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои муҳим, аз қабили дорусозӣ, нассоҷӣ, чарму пойафзол, саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сохтмон, бахши бонкиву молия ва ғайра тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд. Бинобар чорабиниҳои кории дар арафаи сафар гузарондашуда тақрибан 60 созишномаи нави сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба маблағи 800 миллион доллар ба имзо расиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштараки нақлиётию коммуникатсионӣ, ки ба таҳкими робитаи мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, суръат бахшанд.
Аҳамияти зудтар оғоз намудани сохтмони хати стратегии роҳи оҳани «Термиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар», ки барои Ӯзбекистон ба бандарҳои байналмилалии баҳрӣ тавассути қаламрави Покистон роҳ мекушояд, махсусан қайд карда шуд.
– Мо боварӣ дорем, ки сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар, ки «Лоихаи аср» номида шудааст, на танҳо ба некӯаҳволии умумии мамлакатҳои мо, балки ба халқҳои минтақаҳои васеъ низ мусоидат мекунад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Потенсиали бузурги ҳамкории байниминтақавӣ, ки имрӯз вилояти Намангон ва музофоти Панҷоб бомуваффақият нишон дода истодаанд, қайд карда шуд. Дар бораи минбаъд вусъат додани алоқаҳои байни минтақаҳои дигар созиш ҳосил гардид.
Зимни гуфтушунид бо Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва вазъи кунунии Афғонистон табодули судманди афкор сурат гирифт. Аз бад шудани вазъи башардӯстона дар он кишвар изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шуд.
Сарвари давлати мо ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, ки талошҳоро барои расонидани кумак ба мардуми Афғонистон муттаҳид кунанд.
Ҳамкории Ўзбекистон ва Покистон дар соҳаи бехатарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши ҳарбию техникӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноёти фаромиллӣ самарабахш ривоҷ меёбанд.
Дар майдончаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ механизмҳои кори муштарак ба роҳ монда шудаанд. Ӯзбекистон ва Покистон азми худро барои идомаи дастгирии ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ тасдиқ карданд.
Яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори шарикӣ соҳаи фарҳангию гуманитарӣ мебошад.
– Халқҳои Ўзбекистон ва Покистонро, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешими қадимӣ зиндагӣ мекунанд, аз қадимулайём таърихи муштарак, забон ва мероси бузурги маънавии умумӣ ба ҳам мепайвандад, – қайд намуд Шавкат Мирзиёев.
Ўзбекистон ва Покистон ният доранд равобитро дар соҳаи илм, санъат, кино ва варзиш вусъат диҳанд, барномаҳои ҷавононро татбиқ кунанд.
Қайд гардид, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони урду дар Ӯзбекистон сол то сол меафзояд. Дар навбати худ, дар Покистон низ ба омӯзиши забон ва адабиёти ӯзбек, таърихи Ӯзбекистон дар заминаи муассисаҳои бонуфузи таълими олӣ, аз қабили Донишгоҳи забонҳои муосири Исломобод, донишгоҳҳои Панҷоб ва Пешовар таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
– Дар ҷараёни боздид мо бастаи устувори ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, Изҳороти муштарак дар бораи қадамҳои минбаъда оид ба рушди шарикии стратегиро ба имзо расондем, ки дар он саъю талошҳои минбаъдаи мо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳоямон баён шудааст. Муносибатҳои мо, ки аз решаҳои маънавии мо қуувва ва илҳом мегиранд, ба манфиати халқҳои мо минбаъд ҳам ба қуллаҳои нав мебароянд.