Президенти Ӯзбекистон бо Раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсии машваратӣ мулоқот кард

    Ҳукумат 18 Oktabr 2023 3284

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи сафар ба ҶМЧ бо Раиси Кумитаи умумичинии мардумии сиёсии машваратӣ Ван Хунинг вохӯрд.

    Дар оғози суҳбат ҷониби Чин барои ташаббусҳои муҳими сарвари давлатамон дар ҷараёни Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» баҳои баланд дода, изҳори миннатдории самимӣ кард.

    Пешомадҳои густариши минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин баррасӣ шуданд.

    Сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ ва дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

    Созишномаҳое, ки дар рафти нишастҳо дар шаҳрҳои Самарқанд ва Сиан ба даст омадаанд, пай дар пай иҷро шуда истодаанд. Дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ динамикаи мусбат мушоҳида мешавад. Алоқаҳои байниминтақавӣ вусъат ёфтанд. Танҳо дар моҳҳои охир аз Ӯзбекистон ҳайатҳои вакилони вилояти мухтори Шинчон-Уйгур, музофотҳои Шандун, Шэнси, Цзянсу ва Цзянси дидан карданд. Ба масъалаҳои вусъат додани робитаҳои маданию гуманитарӣ ва мубодилаи маориф диққати махсус дода шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates