Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев эътиборномаҳои сафирони Руминия Даниэль Кристиан Чибану, Ҷумҳурии Польша Радослав Грук, Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Конфедератсияи Швейцария Константин Оболенский ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон Тило Клиннерро қабул кард.
Сарвари давлати мо сафиронро бо оғози миссияи дипломатиашон дар давраи муҳими таърихӣ, вақте ки дар кишвар ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ барои бунёди Ӯзбекистони нав идома дорад, самимона табрик гуфт.
Президент дар бораи афзалиятҳои сиёсати хориҷии кушода ва амалӣ сухан ронда, махсусан таваҷҷӯҳи зиёдро ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои шарики хориҷӣ, пеш аз ҳама бо давлатҳои ҳамсоя қайд кард.
Бомуваффақият гузаронда шудани Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар аввали моҳи августи соли равон дар Туркманистон бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки бори дигар рӯзномаи ғании ҳамкориҳои наздики минтақавиро нишон дод.
Раҳбари Ўзбекистон ба масъалаҳои рушди вазъият дар Афғонистон эътибори алоҳида дод. Таъкид шуд, ки рӯйдодҳое, ки имрӯз дар ин кишвар рух медиҳанд, боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Қайд карда шуд, ки Ӯзбекистон ташаббусҳои муҳимро пеш мебарад ва барои мусоидат ба ҳалли зудтари бӯҳрони Афғонистон саъй мекунад.
Ҳамин тариқ, ҳадафи асосии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: алоқамандии минтақавӣ. Даъватҳо ва имконот», ки 15-16 июли соли равон дар Тошканд баргузор шуд, фароҳам овардани шароит барои амалисозии лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ гардид, ки ба барқарорсозии сулҳи дарозмуддат ва барқарорсозии иқтисодии Афғонистон мусоидат менамояд.
Президенти Ӯзбекистон доир ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишвари мо бо давлатҳое, ки сафирони навтаъиншударо пешниҳод мекунанд, алоҳида истода гузашт.
Имкониятҳои васеи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи амалӣ бо Руминия қайд гардид. Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, ҳамкорӣ дар саноати нассоҷӣ, кимиё ва фармасевтӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика меравад.
Ба ин муносибат, пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ гузаронида шуда, робитаҳо ва табодулот, аз ҷумла дар сатҳи ниҳодҳои корҳои хориҷӣ фаъол карда шаванд.
Ба ҳамкорӣ бо Руминия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва муколама бо Иттиҳоди Аврупо низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Полша шарики боэътимоди анъанавии Ӯзбекистон дар Аврупо мебошад.
Дар солҳои охир рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Полша бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Илова бар ин, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби муколамаи бисёрҷониба бо ИА ва тавассути гурӯҳи Вишеград амиқтар мешавад.
Ҳамзамон, ҳарду кишвар дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ, тиҷорати хурд ва инноватсия, маориф ва сайёҳӣ потенсиали бузурги истифоданашуда доранд.
Раҳбари Ӯзбекистон таъкид кард, ки дар сатҳи олӣ баргузор шудани тамосҳо ба густариши шарикии амалӣ такони иловагӣ хоҳад бахшид.
Сарвари давлати мо пешрафти назаррасро дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон бо қаноатмандӣ қайд кард.
Ба ин вохӯриҳои доимӣ ва иродаи сиёсии рохбарони ду мамлакати бародар мусоидат мекунанд.
Муҳимияти татбиқи ҳамаҷонибаи созишномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ, ки пас аз сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли равон ба мувофиқа расидаанд, махсусан қайд карда шуд.
Илова бар ин, кишварҳои мо дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зич ҳамкорӣ ва якдигарро дастгирӣ мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешомадҳои муносибат бо Швейсария ҳарф зада, муҳим будани рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва пеш бурдани лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро таъкид намуд.
Бахши бонку молия, инноватсияҳо ва технологияҳои муосир, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, тавсеаи барномаи кӯмаки молиявӣ ва техникӣ барои беҳтар кардани вазъ дар минтақаи Арал ба сифати самтҳои афзалиятнок муаяйн шуданд.
Муҳимияти таҳияи рӯзномаи нави шарикии амалӣ дар доираи фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъкид шуд.
Ўзбекистон аз рушди ҳамкории васеъмиқёс ва таҳкими шарикии стратегӣ бо Олмон манфиатдор мебошад.
Чӣ хеле ки раҳбари давлатамон таъкид кард, равобити мунтазам дар сатҳи баланд аз ибтидои зинаи нави муносибатҳои Ӯзбекистону Олмон далолат медиҳад.
Сарфи назар аз оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва шумораи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ бо иштироки ширкатҳои пешбари Олмон меафзояд.
Илова бар ин, бомуваффақият оғоз шудани фаъолияти дафтарҳои бонки KfW, Ассотсиатсияи палатаҳои савдою саноати Олмон ва ташкилоти тиҷорати хурду миёна дар ҷумҳурӣ қайд карда шуд.
Таъкид шуд, ки густариши робитаҳои корӣ имкон медиҳад, ки иқтидори бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ пурра истифода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хотимаи суханронии худ самимона ба сарони намояндагиҳои дипломатӣ дар иҷрои вазифаҳои масъул ва фахрии худ оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо Ӯзбекистон муваффақиятҳои бузург таманно намуд.
Зимни сӯҳбати кӯтоҳ дипломатҳо барои пазироии гарм ва шароит барои фаъолияти пурсамар дар кишвари мо изҳори миннатдорӣ карданд.
Сафирон қайд карданд, ки онҳо барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикӣ байни кишварҳои мо саъй хоҳанд кард.