Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҷопон, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати мо бо қаноатмандӣ афзоиши босуръати сармоягузориҳои мустақими Ҷопонро ба иқтисодиёти Ӯзбекистон таъкид намуд. Дар солҳои охир шумораи корхонаҳои муштарак 10 баробар зиёд гардида, ҳаҷми умумии портфели лоиҳаҳои амалишаванда аз 20 миллиард доллари ИМА гузаштааст.
Ба таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, ҳамчунин ба амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли энергетикаи муқобил, декарбонизатсия, ашёи хоми муҳим ва дигар самтҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аҳамияти таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар сатҳи вазирон барои пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак таъкид шуд.
Ҳамзамон, дар бораи таҳияи барномаи чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои корӣ бо иштироки фаъоли Созмони ҷопонӣ оид ба рушди савдои хориҷӣ (JETRO) ва Ассотсиатсияи ҳамкорӣ дар соҳаи савдо бо кишварҳои ИДМ (ROTOBO) тавофуқ ҳосил гардид.








