Зимни боздид музокироти сарвари Ӯзбекистон бо Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар формати маҳдуд ва васеъ, инчунин дидор бо Пешвои олии динии кишвар оятуллоҳ Сайид Алии Ҳуманаӣ баргузор шуд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ бастаи мустаҳками созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба самтҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии «Меҳробод» Сарвари давлатамонро вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон Аббос Алиободӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.