Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳидро пазируфт

    Ҳукумат 24 Noyabr 2021 5232

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 ноябр муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддар ва ҷиноёт Гадӣ Валиро, ки ба кишварамон бо боздиди корӣ омадааст, пазируфт.   

    Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо чолишҳои замонавӣ ва таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Сатҳи баланд ва хусусияти судманди ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистон бо ин воҳиди махсуси СММ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Аз соли 1995 дар кишвари мо намояндагии Дафтари Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад. Бо иштироки фаъолонаи ӯ тайи чанд соли охир дар чаҳорчӯби барномаи ҷории минтақавӣ лоиҳаҳои кӯмаки молиявию техникӣ ба маблағи умумии 24 миллион доллар амалӣ гардида, дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

    Дар рафти сафар мазкури Гадӣ Валӣ Барномаи нави ҳамкориҳои минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025-ро қабул гардид, ки иҷрои муштараки чорабиниҳо ва лоиҳаҳоро дар панҷ самти афзалиятнок ба маблағи 90 миллион доллар пешбинӣ мекунад.

    Илова бар ин, дар ин рӯзҳо дар шаҳри Самарқанд Шабакаи минтақавии ҷавонон алайҳи маводи мухаддир ва дар шаҳри Бухоро Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо савдои одамон баргузор мегардад.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва терроризми байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи электронӣ оид ба мубориза бо коррупсия ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуданд.

    Ба рушди вазъ дар минтақа, аҳамияти талошҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистон ва расонидани кӯмакҳои амалӣ ба ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

    Дар натиҷа оиди якҷоя омода кардани “харитаи роҳ” оид ба таҳкими ҳамкории муттасил ва бисёрҷанбаи мамлакатамон бо Раёсати СММ созишнома ба даст омад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates